Мутахассиси калон оид ба таҳлил

Душанбе

Обязанности:

  • • Ҷамъоварӣ, тозакунии аввалия ва коркарди маълумот аз манбаъҳои гуногун: DWH, CRM, биллинг, ERP ва дигар системаҳо
  • • Таҳия ва автоматизатсияи ҳисоботҳо оид ба метрикаҳои калидӣ: ARPU, Churn, Net Adds, Usage, Revenue ва ғ.
  • • Таҳлили рафтори муштариён (сегментатсия, таҳлили когортӣ, нигоҳдорӣ)
  • • Иштирок дар моделсозии пешгӯӣ ва таҳлили трендҳо (афзоиш/коҳиш, мавсимият, аномалияҳо)
  • • Иштирок дар моделсозии пешгӯӣ ва таҳлили трендҳо (афзоиш/коҳиш, мавсимият, аномалияҳо)
  • • Дастгирии таҳлилии лоиҳаҳои маркетингӣ ва маҳсулотӣ
  • • Ҳамкорӣ бо шӯъбаҳои маркетинг, фурӯш, маҳсулот, В2В ва IT
  • • Омодасозии маводи презентатсионӣ барои роҳбарият

Требования:

  • • Таҷрибаи корӣ дар вазифаи бизнес-аналитик / BI-аналитик / таҳлилгари маълумот (data analyst) аз 2 то 3 сол, беҳтар аст дар соҳаҳои телеком, чаканафурӯшӣ (ритейл), бонкдорӣ ё e-commerce
  • • Дониши аъло дар SQL (шарти ҳатмӣ)
  • • Маҳорати хуби кор бо Power BI / Tableau / Excel (аз ҷумла Power Query, ҷадвалҳои муттасил ва формулаҳо)
  • • Таҷрибаи кор бо ҳаҷмҳои калони маълумот ва анбори маълумот (DWH)
  • • Донистани нишондиҳандаҳои асосии тиҷоратӣ дар соҳаи телеком: ARPU, Churn, LTV, CPA, ROI, Data Usage ва ғайра
  • • Қобилияти пешниҳоди маълумот ва визуализатсияи таъсирбахш (тавассути PowerPoint)
  • • Бартарӣ дорад: дониши Python (pandas, matplotlib), шиносоӣ бо воситаҳои CRM ва таҷрибаи гузаронидани A/B тестҳо

Преимущества нашей компании:

  • Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
  • Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
  • Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
  • Музди меҳнати рақобатпазир;
  • Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
  • Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.

Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 30 июли соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).

Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Мутахассиси калон оид ба таҳлил” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад. 

Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.